Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:50

Боздошти сарвари як гурӯҳи ҷиноӣ ва ҳамтоёнаш

4 июн 2011, 07:17

Пулиси нақлиётии Маскав скинҳеддухтареро, ки 3 сол боз дар пайгарди қонунӣ қарор дошт, ҳамроҳ бо 6 нафар ҳамроҳонаш боздошт кардаанд.

Даря Тихоноваи 21 сола, сокини Маскав дар якҷоягӣ бо 6 нафар ҳамроҳонаш  барои куштори 2 нафар сокинони Доғистон муттаҳам мешаванд.

Тафтишот фарзияеро рӯи даст дорад, ки Даря Тихонова ва ҳамроҳонаш ба гурӯҳи ҷавонони  радикалии скинҳедӣ- миллатгароӣ шомил буда,  июни соли 2007 дар қатораи хатсайри  «Орудево - Маскав» ба тани 2 марди сиёҳсари доғистонӣ зарбаҳои ҷонкоҳ мезананд, ки дар натиҷа яке  дар ҷойи ҳодиса мефавтад ва дигарӣ бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон интиқол дода мешавад.

Баррасии ҳодисаро Кумитаи тафтишот анҷом дода равонаи додгоҳ намудааст. Ҳамчунин тафтишот аз додгоҳ тақозо кардааст, то барои ин гурӯҳи қотили миллатгаро ҳадди ниҳоии ҷазо - зиндони якумрӣ татбиқ карда шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!