Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:35

Ҳомид Карзай оҷилан ба Афғонистон баргашт

7 июн 2012, 10:48

Бар асари як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Эътилофи Шимол 18 тан аз мардуми осиштаи музофоти Лугари Афғонистон кушта шуданд. Дар робита ба ин ҳодиса раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай сафарашро ба Чин қатъ карда ба ватан баргаштааст.

Ҳомиди Карзай қатли мардуми осоиштаро ҳангоми пиёда сохтани амалиёти нерӯҳои байналмилалӣ номумкин хондааст. Дар ҳамин ҳол Вазири дифои Амрико Леон Панетта, ки бо як сафари эълоннашудае имрӯз ба Кобул омад, изҳор кард, то он замоне ки террористон аз тариқи кӯҳсори Покистон ворид шуда, баъдан дар ин кишвар бидуни мушкилӣ паноҳгоҳ пайдо мекунанд, таъмини оромии вазъ мушкил боқӣ хоҳад монд.  Бино ба гуфтаи шэфи Пентагон нотавонмандии Исломобод дар ростои берун кардани террористони гурӯҳи «Ҳоқонӣ» аз навоҳии наздисарҳадии Афғонистон косаи сабри Вошингтонро лабрез кардааст.
Ҳамчунин Паннета бо сарҳангони нерӯҳои амрикоӣ масоили вобаста ба берун кашидани 23 ҳазор аскарони амрикоиро то охири сентябри соли равон баррасӣ кардааст.
Ҳамчунин дидори роҳбари Пентагон бо ҳамтои афғонии худ Абдул Раҳим Вардак низ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, рӯзе қабл аз сафари Леон Паннета, вазири дифои Амрико ба Кобул бар асари ҳамалоти 3 террористи худкуш дастикам 23 нафар ҷароҳат бардоштаву кушта гардиданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!