Ноболиғе дар ҷанубу шарқи Маскав мардеро парронд, ки бо падараш дастабагиребон шуд. Дар ин бора аз пулиси Маскав хабар доданд.
Бино ба маълумоти манбаи хабар соатҳои яки шаб, вақте сокини Маскав мехост нақлиёти худро дар яке аз истгоҳҳои назди хонаи 150, воқеъ дар хиёбони Волгоград гузорад, миёни ӯ ва як гурӯҳе, ки ба пивонӯшӣ машғул буданд, низои лафзӣ сар зада баъдан ба задухӯрд печид.
Ҳамин ҳангом писари ронанда, ки дар нақлиёт қарор дошт, милтиқи падарашро гирифта, яке аз авбошонро мепарронад. Ҷароҳатбардошта дар бемористон ба ҳалокат мерасад.
Ноболиғро дастгир кардаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши он идома дорад.
Мӯҳр