Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:33

Саҳми Чин дар қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 50 фисад наздик омадааст

8 июн 2012, 12:48

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи май 41 фоизи қарзи хориҷии кишвар ба Чин рост меояд.

Ба иттилои манбаъ аз 2 миллиарду 138  миллион доллари амрикоӣ, ки Тоҷикистон ба ҳолати моҳи майи соли ҷорӣ аз кишварҳои хориҷию созмонҳои молиявии байналмилалӣ қарздор аст, бештар аз 878 миллион доллараш қарзи Чин мебошад. Масъулини Вазорати молия таъкид менамоянд, ки қарзҳои Чин бо фоизи паст, - на зиёда аз 2 дар сад ва ба мӯҳлатҳои дароз, – на камтар аз 20 сол дода шудаанд.
Саҳми Чин дар маҷмӯи умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон аввали моҳи ҷорӣ боз бештар шуд, чун зимни сафари президенти Тоҷикистон ба ин кишвар созишнома оид ба ҷудо намудани боз 50 миллион доллар қарз ба Тоҷикистон имзо шудаст.
Аз буҷаи имсолаи Тоҷикистон барои пардохти қарзу фоизҳои Чин ҷудо намудани ҳудуди 35 миллион доллари амрикоӣ дар назар аст. Дар воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ бо ишора ба ҳаҷми зиёди қарздории Тоҷикистон аз Чин, пайваста аз хатарҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ин қарздорӣ бонг мезананд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!