Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

Панҷ журналист дар Сурия қурбони задухӯрди мусаллаҳона шудаанд

9 июн 2012, 05:13

Авохири моҳи май панҷ журналист, ки бархӯрди миёни ҳукумат ва мухолифони мусаллаҳро дар шаҳрҳои Димишқ ва Ҳосми Сурия инъикос мекарданд, кушта шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи хабарнигорон, ки мақараш дар Ню-Йорки Амрикост хабар додааст.

Ба иттилои расида рӯзи ҷумъа дар Сурия бархӯрдҳои мусаллаҳона идома ёфтаанд, ки бар асари он дасти кам 40 нафар ба ҳалокат расидааст. Миёни мақтулон сокинони осоишта, сарбозону афсарон ва ҷангиёни мухолиф будаанд. Задухӯрдҳо дар шаш музофоти Сурия ба вуқӯъ пайваста, аммо гуфта мешавад, даргирии шадид дар шаҳрҳои Ҳомс ва Димишқ сурат гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!