Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:44

Корманди ҶДММ «ДМ Групп»-ро боздошт карданд

11 июн 2012, 04:33

Зимни амалиёти кормандони милиса Руслан Назаршоеви 40 сола, корманди ҶДММ «ДМ Групп» бо ҷурми қалобӣ дастгир шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, Руслан Назаршоев, сокини кӯчаи Умари Хайём, корманди ҶДММ «ДМ Групп» мебошад. Номбурда дар санаи 27-уми январи соли 2011 бо ширкати «Гучлу докумо Текстил ани Туркия» дар мавриди фурӯши 96 тонна пахта (як тоннааш 3570 доллари амрикоӣ) қарордод мебанданд. Дар таърихи 2-юми феврали соли 2011 ба суратҳисоби ҶДММ «ДМ Групп» ширкати «Гучлу докумо Текстил ани Туркия» 342 720 доллари амрикоӣ барои 96 тонна пахта мегузаронад. 11-уми феврали соли 2011 Руслан Назаршоев ба ширкати «Гучлу докумо Текстил ани Туркия» 6947 кило пахта ба маблағи умумии 247818,69 доллари амрикоӣ дар се автомашина фиристода, 94 901 31 доллари амрикоиро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудааст.

Феълан нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!