Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:56

Эмомалӣ Рахмон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт

12 июн 2012, 04:59

Аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд ба хабарнигори маҳаллии Озодагон иттилоъ доданд, ки райисҷумҳур зимни сафари кории худ аз шимоли кишвар нахуст аз мактаби президентии шаҳри Чкаловск дидан карда дар маросими ифтитоҳи хобгоҳи мактаби мазкур барои 400 хонанда иштирок мекунад.

Баъдан сарвари давлат ба шаҳри Хуҷанд омада ва аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид ба амал меорад. Дар ин минтақа Эмомали Рахмон дар маросими ба истифода додани 3 корханаи нави саноатӣ ширкат мекунад. Бино ба гуфтаи манбаъ яке аз ин корхонаҳо туркӣ буда, «Силкоат бойя» унвон гирифтааст ва ба истехсоли рангҳо машғул хоҳад буд. Корхонаи дигар «Равзана пласт» дару тирезаҳои пластикӣ тавлид мекунад. Корхонаи ««Стар пласт» бошад, қубурҳои пластикии андозаашон гуногун истиеҳсол мекунад.
Ҳамчунин, президенти кишвар дар намоишгоҳи корхонаҳои саноатии шимоли кишвар, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!