Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Боз ду соҳибмулкро барои насупоридани андоз ҷарима бастанд

12 июн 2012, 10:11

Кормандони нозироти андози пойтахт зимни амалиёт оид ба иҷораи амвол дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ боз чанд қонуншикании дигарро ошкор намуданд.

Гавҳар Ҳомидова, як масъули раёсати кумитаи андоз ба Озодагон иттилоъ дод, дар ҷараёни таҳлил ошкор шуда, ки Азиз Алимов молу мулки ғайриманқули худро, ки дар кӯчаи Рӯдакӣ 124, ҳуҷраи 5 воқеъ гардидааст, ба ҶДММ «Большая стирка» ба иҷора дода, тайи солҳои 2009-2011 ба нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ эъломияи андоз аз даромадро пешниҳод накардааст.
«Дар рафти таҳлил аз ҷониби гурӯҳи корӣ андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои солҳои 2009, 2010 ва барои соли 2011 ҳисоб карда шуда, маблағи ҳисобшуда ба буҷети давлат ворид гардид. Илова бар ин, мутобиқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон нисбат ба Азиз Алимов протокол дар шакли ҷаримаи маъмурӣ тартиб дода шуд»,-афзуд номбурда.
Манбаъ илова кард, ки ба ҳамин монанд, Карим Муҳаммадшоев низ манзили худро воқеъ дар кӯчаи Рудакӣ 128, ҳуҷраи 13, ба шаҳрванд Азиза Ҳайдаралиева ба иҷора дода, барои соли 2011 эъломияи андоз аз даромадро ба нозироти андоз пешниҳод накардааст.
Зимни санҷиш аз ҷониби мутахассисон маблағи иловагии андоз аз даромади шахсони воқеӣ ҳисоб ва ба буҷаи давлат ворид шуд. Нисбати соҳибмулк Карим Муҳаммадшоев мувофиқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!