Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:35

Дарҳои «Муҳаммадия» ҳамчун масҷиди панҷвақта дигарбора боз шуд

12 июн 2012, 11:50

Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти масҷиди ба номи Халифа Абдукарими шаҳри Ваҳдатро ҳамчун масҷиди панҷвақта иҷозат додааст.

Хабаргузории расмии «Ховар» аз қавли мудири бахши корҳои дини назди ҳукумати шаҳри Ваҳдат, Тоҷиддин Лолаев, овардааст, ҳайати муассисон Вайсиддин Қурбоновро имоми масҷиди мазкур ва Маҳмуд Қаҳҳоров (Эшони Маҳмудҷон)-ро ноиби ӯ интихоб кардаанд.
3-юми майи соли ҷорӣ бо қарори додгоҳи шаҳри Ваҳдат фаъолияти ин масҷид ҳамчун масҷиди ҷомеъ қатъ шуда буд. Ҳамчунин, қаблан муассисони масҷиди номбурда, ки дар миёни мардум ба номи «Муҳаммадия» маъруф аст, эълом дошта буданд, ки додгоҳи шаҳри Ваҳдат зимни як нома аз манъи масҷиди панҷвақта хабар додааст.
Он замон муассисон қарор доданд, ки аз қарори додгоҳи Ваҳдат ба Додгоҳи Олӣ шикоят мебаранд. Аммо тавре ба назар мерасад, ин қазия то Додгоҳи Олӣ нарасида, ҳалли худро ёфтааст.
Фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» дар пайи нашри баёнияи Шӯрои уламо ва ташриф овардани раиси ин Шӯро бо ҳамроҳии намояндагони Кумитаи дин ва масъулони ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба ин масҷид маҳдуд шуд. Шӯрои уламо рӯзи 6-уми декабри соли гузашта дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб» муттаҳам намуд.
Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, барои фаъолияти ин масҷид иҷозат дода мешавад. Дар ин миён Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди «Муҳаммадия» зарурате боқӣ намондааст.
Аъзои ин маҷлис гуфтаанд, дар ин ноҳия чанд масҷиди дигари ҷомеъ фаъол шудааст ва  намозгузорон метавонанд дар он масоҷид ба ибодат машғул шаванд,-менависад «Озодӣ».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Адл

  • 26 май 2014 14:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумат дар рохи хак аст. Дар хакикат дуруст карданд, ки масчидро кушоданд, охир ин масчид барои тамоми мардум аст. Барои як ё ду нафар шуда, масчидро бастан хуб аст. Бовари хаст, ки дар оянда масчид мардумро дар мазхаби Ханафия тарбия ва рохбалади мекунад. Суди Точикистон одилона аст. Худо мададгори онхо.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!