Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:18

Боздошти нашъаҷаллоб бо 12 кило мухаддир дар Душанбе

13 июн 2012, 04:59

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур миқдори зиёди маводи мухаддир забт ва мусодира карда шуд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни ин амалиёт  Сайҳумроҳ Обидови 47- сола,  сокини ноҳияи Бохтар  бо гумони нашъаҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ-2107, рақами давлатиаш 01-54 РТ 01, ки ба номбурда тааллуқ дорад, 1 килою 762 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 10 килою 694 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, таштишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!