Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:49

Аккоси тоҷикистонӣ-барандаи ҷоизаи вижаи Русия

13 июн 2012, 06:01

Наворбардори синамо ва суратгири тоҷик Заур Дахте ба ифтихори таҷлили Рӯзи Русия бо аввалин дипломи Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

Тибқи иттилоъи аккос, ҷоизаи мазкурро дар  ҷараёни мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Русия дар мавзӯи «Русия - давлати муқаддаси мо, Русия кишвари маҳбуби мо» ба ӯ супориданд.   
Маврид ба ёдоварист, намоиши суратҳои Заур Дахте бо ибтикори Иттиҳоди доғистониҳои Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон дар Душанбе ташкил карда шуда буд. Заур Рустамовичи қафқозӣ беш аз 60 сол боз дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.   
Бисёр асарҳои суратгири шинохта Заур Дахте дар намоишгоҳҳои кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Беларус намоиш дода шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!