Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:04

Тухми «ҳалол» дар Тюмени Русия ба фурӯш бароварда шуд

13 июн 2012, 09:31

Корхонаи мурғпарварии "Пишминская"-и деҳаи Онохинои Тюмен ба истеҳсоли тухмҳои навъи “ҳалол” шурӯъ кардааст.

Шаҳодатномаи махсус барои иҷозаи истеҳсоли тухмҳои тамғаи “ҳалол” ба ин корхона аз сӯи Идораи қозиёти Шӯрои уламои вилояти Тюмен тақдим гардидааст.
Гуфта мешавад, ба мурғҳои ин корхона танҳо маҳсулоти табиӣ, бе иловаи маводҳои кимиёвӣ хӯронида мешавад. Бино ба гуфтаи имоми минтақа Амир Балдин, масъули назорати талаботҳои шариат ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти тамғаи “ҳалол” дар Тюмен, корхонаҳои дигари мурғпарварии минтақа барои фарбеҳ кардани паррандаҳои худ аз ғизои аз устухони ҳайвони мурда тайёршуда истифода мекунанд, ки инро шариати Ислом қабул надорад, зеро чунин ғизо ба тухмҳо низ бетаъсир нестанд.  Аммо мурғҳои корхонаи "Пишминский" аз ғизои табиии донагиҳо, ба мисли гандуму ҷав ва мош истеъмол мекунанд.
Ин корхона сертификати сифатро доро буда дар 1 рӯз ба миқдори то 1 миллион дона тухми “ҳалол” истеҳсол мекардааст.
Гузашта аз ин корхонаи мазкур ягона корхонае мебошад, ки забҳи мурғҳо тибқи талаботи Ислом дастӣ ба роҳ монда шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!