Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:18

Кӯмаки билоивази Ҷопон ба сокинони Ҳамадонӣ

6 июн 2011, 07:32

Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои марҳилаи дуюми  барномаи беҳбуди таъмини об дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба Тоҷикистон нӯҳ миллиону  шашсад ҳазор доллар ҷудо кардааст.

Дар ин бора ба «Озодагон» аз сафорати ин кишвар дар Душанбе иттилоъ доданд. Бино ба иттилоъи  расида, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Ёшихиро Накаяма  дар бораи тахсиси ин кӯмаки бебозгашт санадеро ба имзо расонданд.Дар чаҳорчӯби ин барнома дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон низоми вижаи интиқоли об бунёд  мешавад, ки дастрасии сокинонро ба оби ошомиданӣ таъмин мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!