Субҳи имрӯз даври ниҳоии машқҳои муштараки низомии зидди терористии ситодӣ-фармондеҳӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна 2012» оғоз гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа даври ниҳоии машқҳои муштаракро сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), намояндагони дигари низомии кишварҳои аъзои СҲШ ва мақомотҳои ғайриҳарбии дохилу хориҷ назорат намуданд.
Дар ин машқҳо мақомоти ҳарбии идории низомӣ, ки ба ҳайати он гурӯҳҳои амалиётии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ ва ҷузъу томҳои таъингардидаи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ҷумҳурии мардумии Чин ширкат карданд. Дар баргузории машқҳои муштараки зидди террористӣ беш аз 2,5 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои СҲШ ҷалб гардида, ҳамчунин чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, 300 техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, тупҳои навъи гуногун ва яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишони ҳарбӣ истифода мешаванд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки ҳадаф аз баргузории машқҳои муштараки зидди террористӣ ин тарҳрезӣ намудани назару муносибати ягонаи кори мақомоти идории ҳарбии кишварҳои аъзои СҲШ дар ташкили амалиёти муштараки зидди террористӣ дар шароити куҳистон мебошад. Инчунин ҳамоҳанг намудани фаъолияти Ситоди муштараки муттаҳидаи амалиётии қушунҳо дар самти омодагӣ ва дар амал татбиқ намудани амалиёти зидди террористӣ, амалан таҳрезӣ намудану бо усули ягона идора кардани Ситоди муштараки муттаҳидаи қушунҳо, баҳри таъмини бехатарӣ дар минтақа, дар ҳамоҳанги ташкилу ба роҳ мондани амалиёти муштараки зидди террористии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СҲШ дар шароити куҳсор ва табодули таҷрибаомузӣ дар таҳия, ташкил ва баргузор кардани унсурҳои зидди террористиро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, машқҳои муштараки низомии зидди терористии ситодӣ-фармондеҳӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна 2012» аз 7-ум то 14-уми июни соли ҷорӣ дар машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони ҳарбии вилояти Суғд таҳти роҳбарии генерал майёр Эмомалӣ Собиров, фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон ҷараён дорад.
Мӯҳр