Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:27

Тоҷикистон дар садади воридшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ аст

15 июн 2012, 11:11

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, айни ҳол кишвари мо ҳам барои воридшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ ва ҳам Созмони умумиҷаҳонии савдо гуфтушунид мебарад.

Ба иттилои манбаъ, узвияти Тоҷикистон дар яке аз ин созмонҳо ба аъзогӣ дар дигаре халал намерасонад, зеро меъёрҳои Иттиҳоди гумрукӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо мувофиқа шуда истодаанд.Тоҷикистон, ки  барои дохилшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо аз соли 2001-ум инҷониб кӯшиш дорад, то имрӯз расман розигии ҳамагӣ се кишварро ба даст овардааст.Эл Салвадор баъди Чину Ҳиндустон сеюмин кишварест, ки розигияшро барои узвияти Тоҷикистон дар СУС изҳор доштаст.
Таҳлилгарон  мегӯянд, вақтҳои охир дар кишвар кӯшишҳо барои дохилшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) афзоиш ёфтаанд. Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба СУС ӯҳдадор аст, бо ҳар кишвари хоҳишманди узви СУС гуфтушунид гузаронда, розигияшро ба даст орад, зеро зимни қабули аъзоёни нав, мавқеи ҳар кишвари дохили  созмон ба инобат гирифта мешавад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!