Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:26

Кӯлоб: Хазинаи Оғохон ба Шӯрообод об меорад

15 июн 2012, 11:42

Бо дастгирии молиявии хазинаи Оғохон дар рустои Сари реги ҷамоати деҳоти Саричашма ва Сафедови ҷамоати деҳоти Шӯрообод хати оби нӯшокӣ дар масофаи 7,5-км кашида  оварда мешавад.

Тибқи иттилоъ, дар ин кор ҳудуди 31 ҳазор доллари амрикоӣ сарф хоҳад шуд.
Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод аснои сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии Озодагон гуфт, солҳои тулонӣ сокинони ин русто аз оби нӯшокӣ танқисӣ дошта, аз масофаи садҳо метр бо ароба об мекашидаанд. Ҳукумати маҳаллӣ низ дар ин кори хайр даст зада, 10-фисади маблағро аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ пардохт кардааст: «То охири ҳамин моҳ сохтмони хатҳои оби нӯшокӣ дар рустои мазбур ба анҷом расида, мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт».
Икромов афзуд, «хазинаи Оғохон, тибқи лоиҳаи пешакӣ барои сокинони ин ноҳияи кӯҳдоман мунтазам кумак карда меояд. Танҳо тайи 2-соли ахир 11-деҳоти ноҳия, ки камбуди оби истеъмолӣ доштаанд, бо дастгирии ин хазина ба маблағи зиёда аз 280 ҳазор доллари амрикоӣ маблағгузорӣ гашта, шодоб гаштаанд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!