Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:58

Нархи хона дар Душанбе боз боло рафт

16 июн 2012, 04:50

Ду ҳафтаи ахир арзиши хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе рӯ  ба афзоиш дорад

Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон Музаффар Давлатбеков, масъули оҷонсии «Кайванд», ки ба фурӯши амволи ғайриманқул машғул аст, таъкид кард. Вай мегӯяд бо вуҷуди он, ки сохтмони биноҳои нав дар пойтахт бисёр ба назар мерасад, хонаҳо ҳамоно майли гаронӣ доранд:
«Махсусан талабот ба хонаҳои ду ва сеҳуҷрагӣ зиёд аст ва нархашон ҳам нисбатан қимматтар аст. Маҳаллаҳо, ки хона дар он нисбатан қимат аст, маркази пойтахт ва маҳаллаи 82 ва 91-уми шаҳри Душанбе мебошанд».
Алексей Насимов, як масъули ширкати хонафурӯшии дигар, - REAL ESTATE ҳам афзоиши нархи хонаҳоро дар пойтахт таъкид карда, сабабҳои онро номуайян гуфт.
Айни ҳол тибқи нархномаҳои ширкатҳои  риэлторӣ  дар шаҳри Душанбе, хонаҳои якҳуҷрагӣ вобаста ба кӯча, масоҳат ва ҳолат аз 17 то 30 ҳазор доллари амрикоӣ, дуҳуҷрагӣ аз 30 то 50 ҳазор доллари амрикоӣ, сеҳуҷрага ва зиёдтар аз 45 ҳазор доллари амрикоӣ болотар нарх доранд.
Масъулини оҷонсиҳои фурӯши хона мегӯянд, хонаҳои нисбатан арзон дар маҳаллаҳои атрофи шаҳр воқеанд, ки талабот вақтҳои охир ба онҳо камтар шудаст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!