Бахшҳо
16 июн 2012 05:41Адабиёт

Моро кӣ намешиносад?

Кишвари моро созмонҳои байналмиллалӣ фасодзада, ғайридемократӣ ва авторитарӣ меноманд. Ин аз як ҷиҳат баҳои ғаразнок бошад, аз сӯи дигар исботи он аст, ки кишвари моро тамоми мардуми сайёра ва созмонҳои байналмиллаӣ мешинохтаанд. Боз баъзеҳо мегӯянд, ки чунин кишвареро намедонанд ва дар борааш нашунидаанд. Чӣ магар хабар надоранд, ки Сино  пеш аз он ки дар Аврупо бо номи Ависенна машҳур гардад, тоҷикбачаи ҳамшаҳрии мо буд? Барои мо таърихи ниёгон ва бузургони гузашта кофиянд, то ҷаҳониён моро шиносанд! Агар боз ягон шахсияти маълуму машҳури замони худамонро ном гирем, боз баҳона пеш меоранд, ки мо худнамоӣ мекунем.

Посух ба баҳои созмонҳои байналмиллалӣ

Хуб медонанд, ки мо туфайли шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсату дипломатияамон имрӯз ҳам шинохта шудаем, лек худро ба нодонӣ мезананд ва пешниҳод мекунанд, ки мо худро тариқи Авронус реклама кунем. Бо созмонҳои ҷаҳонгардӣ ҳамкорӣ кунем, то моро дигарон шиносанд. Чӣ, магар кӯҳҳои омонбӯсу роҳҳои мумфарши моро надидаанд? Ё аз телевизион барномаи "Чакомаи гесӯ"-ро гӯё тамошо накарда бошанд. Тамоми ҷаҳон инро медонад, лекин худро ба нодонӣ мезанад. Агар як барномаи дигар созем, тамоми туристои ҷаҳон ҳатто аз Болливуду Ҳолливуд ба кишвари мо меоянд. Лекин чи даркор, ин қадар одама куҷо ҷо мекунем. Боз баъди рафтани меҳмонҳо партовҳои парткардаашонро кӣ ҷамъ мекунад? Не, мо аз хизматрасонӣ наметарсем, агар даркор шавад, аз фурӯдгоҳ сумкаҳояшонро бо ароба меорем, прописка медиҳем, боз ду миллион ҷои кори холӣ ҳам барояшон ҳаст. Ду миллион мутахассисони моро Русия даъват кард, ки биноҳои босифат созанд, акнун ҷои онҳо холӣ аст, марҳамат ба ярмаркахои ҷойҳои кори холӣ омада, соҳиби ҷои кору маоши хуб гарданд. Ҳеч кас онҳоро депорт намекунад.

Боз барои сокинони сайёра чӣ шароитро муҳайё кардан даркор бошад, беибо гӯянд, фароҳам мекунем. Ҳозир ҳама дар фикри энергияи экологӣ ва камасрафанд, аз мо ибрат гиред ва дар зимистон барқро истифода набаред, ҳам эконум мешавад, ҳам ҳаво софу беғубор меистад. Агар боз эконум кардан хоҳед, марҳамат аз лампаҳои камасрафи корхонаҳои мо гирифта баред, ҳам арзон, ҳам босифат ва ҳам буҷаи оилаатонро ғанӣ месозад. Аз "гази биологӣ"-и мо дар зимистон истифода накардаанд, боз даъво мекунанд, ки мо экологияро вайрон мекунем. Дар кадом кишвар мактабҳоро бо тапаксӯзӣ гарм мекунанд, ба ғайри мо?! Ба ҷуз мо кӣ то ҳол аз тапак барқ истеҳсол кардааст? Кӣ мисли мо метавонад масҷидҳоро андоз бандаду муллоҳоро дар имтиҳон баҳои 2 монад? Кӣ мисли мо метавонад кишвари абарқудратро водор созад, то 2 миллион муҳоҷирони моро ба кор таъмин кунад? Кӣ мисли мо метавонад хитоиву турку эрониро ба корҳои сиёҳ ҷалб созад? Кӣ мисли мо метавонад бидуни доштани корхонаи мошинсозӣ ба хориҷи кишвар мошин фурӯшад? Кӣ мисли мо метавонад картошкаро аз меъёр зиёд истеъмол намояд? Кӣ мисли мо метавонад бо додани 300 сомонӣ маош ба духтур ва 300 сомонӣ музди меҳнат ба муаллим тибби ройгон ва таҳсили бепулро роҳандозӣ кунад? Кӣ мисли мансабдорони мо метавонад бо 2 ҳазор сомонӣ маоши моҳона дар як сол хонаи 100 ҳазор доллара харад?  

Демократияи мо дар ҷаҳон назир надорад. Интихоботҳои мо улгуи дигарон аст. Кист ки аз муҳаббати беандоза ба номзади худ ба ҷои 10 кас танҳо овоз диҳад ё дубораву себора баргашта овоз диҳад? Ин хел номзадҳои шоиста ва хуштолеъро дар кадом гӯшаи дунё метавон пайдо кард, ки бидуни кадом реклаваму таблиғи пурхарҷ ин қадар орои зиёд ба даст оранд? Дигарон демократияро танқиду фишори мансабдорон ва мардумӣ сохтани ҳукумат медонанд. Охир чӣ даркор аст мардумӣ будани ҳукумат, магар идораи ҳукумат аз он ки дар дасти тӯдаҳо бошад, дар дасти дипломатҳои варзида ва сиёсатмадорони худодод буданаш беҳтар нест? Аз танқиди мансабдорон чӣ фоида, хоҳед нахоҳед ӯ кори худро бо як тариқе анҷом медиҳад. Беҳтар нест, ки аз мисли мо мансабдоронро таърифу ситоиш кунед? Рӯзи дигар соҳиби ягон вазифа мешавед.

Ҳамаи мансабдорони мо хуштолеанд. Раисои мо-ба гап нест. Серкор, ба сархорӣ вақт надоранд. Бо вуҷуди он ки андак вақт: 14-15 соати худро сарфи хоб мекунанд ва тамоми боқимондаи вақтро дар болои курсӣ мегузаронанд, боз фурсати зиёдро аз даст намедиҳанд. Сафари кориву ҷаласаҳои доимӣ имкон намедиҳад, ки аз оина берунро нигоҳ кунанд. Як рӯзи шанбе бо сокинон бояд вох?ранд, ки баъзан ба он ҳам вақт намеёбанд. Бар зами ин ҳозира раисо донои кам не. Ба қавле экунумист! Агар аз боло супориш шавад, ки роҳро тоза кардан даркор ё дарахтони сари роҳро сафед кардан даркор, пули зиёд ҷудо мекунанду андакашро сарф менамоянд. Аз қувваи кории бепул: муаллимро истифода мебаранд. Муаллим баъди дарс бекор-ку! Дарахт ранг карда натавонад, аз дасташ дигар чӣ ҳам меояд? Мабодо ба раис пул даркор шуда монад ё ягон супориши ҷиддӣ аз боло шавад, ки маблағи зиёд мехоҳад, саховатмандон зуд ба кӯмак тайёр. Охир ҳозир на танҳо дар ноҳия, балки дар ҷумҳурӣ сафи шахсони саховатманд зиёд шуда истодааст. Онҳоро як даҳан гӯӣ, ки саховат кунед, ба сар медаванд. Аз онҳо истифода накардан дар шароити зарур? аз рӯи инсоф нест. Дар ояндаи наздик дигар волидайни экунумист ҳам ба тӯйи фарзандашон пул харҷ намекунанд, ба ӯҳдаи соҳибкорони саховатманд мепартоянд, бигзор саховатманд писари онҳоро зан диҳаду барои ба шавҳар баромадани духтарашон мусоидат кунад. Ин масъулияти бениҳоят баланд саховатмандро водор месозад, ки то охири умр мувозиби зану фарзанди домод бошад, то дар зиндагӣ аз чизе камбуд надошта бошанд.

Ин хел раисҳои хуштолеъ дар оянда дипломати барҷаста мешаванду обрӯи моро дар хориҷ баланд мебардоранд. Моро бо чунин дипломатҳову сиёсатмадорони варзидаи арсаи ҷаҳониямон мешиносанд. Агар пофишории онҳо намешуд, Роғуни мо ҳоло ба гӯшаи фаромӯшӣ дода мешуд ва Бонки ҷаҳонӣ намесанҷиду ӯзбакистон ҳам аз имкониятҳои мавҷудаи бахши энержии мо дар минтақа огоҳ намегашт, ки ин ноогоҳӣ боиси нодида гирифтани манфиатҳои мо дар минтақа мегашт. Ин хизмати дипломатҳои мост, ки ӯзбакистон сиёҳу сафед карда моро ба ҷаҳониён шиносонд. Ҳушёрия бинед, ки аз куҷо масъалаи Роғунро ёфта баромаданд ва ӯзбакистонро ба ларзиш дароварданд. Бечора Каримов шабу рӯз хоб надоштааст. Роғун гӯӣ фишораш боло мерафтааст. Дипломатҳои мо ҳам донои кам не. Акнун намояндаҳои Иттиҳоди Аврупову ИМА-ву Русия, Эрону Покистону Ҳиндустон ҳам ба Тоҷикистон тез-тез омада мераванд ва ин сафарҳои онҳо маҳз ба хотири Роғун аст, на чизи дигар. Акнун дар арсаи ҷаҳонӣ номи Роғун аз ҳама бештар реклама шуд, ин ҳам бошад ба шарофати дипломатҳои варзидаи мо. Тақдири Роғунро ҳоло дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд ҳал кунанд ва баъзеҳо мегӯянд, ки онҳо мабодо қарори нодуруст кабул накунанд. Вале ин айби дипломатҳои мо нест, ки дар ӯзбакистон ҳам доноҳо дипломат шудаанд. Парво накунед, доноӣ ҳам ҳад дорад, як рӯз бо ин доноияшон дипломатҳои ӯзбакистон фанд мехурдагистанд. Охир кулли доно фандхур мегӯянд ку. Боз ин мақолро дар шаъни дипломатҳои мо мувофиқ набинед.  

Созмонҳои байналмиллалӣ ҳар гуна далелҳои ноҷо меоранд, ки гуё дар Тоҷикистон андоз боиси қашшоқии мардум бошад. Аз гаронии андозу шароити нохуби тиҷорат изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо боре эътироф намекунанд, ки дар Тоҷикистон барои тамоми соҳибкорону ширкатҳо имконияти фаъолият фароҳам аст. Кӣ мисли соҳибкорони мо метавонад 60-70 фоизи даромадашро ба буҷет супорад ва боз 60-70 фоизи дигар фоидаи соф ба даст орад? Агар дар дигар кишварҳо соҳибкорон мисли мо андоз месупориданд, кайҳо ширкатҳояшон муфлис мешуд. Инчунин дастгирии мо ба соҳибкорон ҳадду ҳудуд надорад. Ба ғайр аз Тоҷикистон дар кадом давлати дунё иншооти стратегии давлат: роҳро ба дасти мистер Х ё ширкати со?ибаш номаълум бовар мекунанд? Боз андоз ?ам намеситонанд, пас чи хел андози мо гарон будааст? Хайр, як ду се корхона аз сабаби пардохта натавонистани андоз ё пули барқ муфлис шуда бошад, айби мо чӣ? Ин ҳам бахту иқболи соҳибони корхонаҳост. Агар бахт ба рӯи одам нахандад, ҳар чӣ шуданаш мумкин. Мана, соҳиби ширкати Мовароуннаҳр, на аз андоз шиква дошту на аз қимати барқ, толеъаш баланд набудааст, ширкаташ аз фаъолият бозмонд.

Созмонҳои байналмиллалӣ аз ҳасудӣ ин суханҳоро дар хақи мо мегӯянд. Чунки андозамонро кам накунем, онҳо дар кишвари мо фаъолият карда наметавонанд, зуд муфлис мешаванд, аз ин рӯ мехоҳанд андози кам супоранду дар кишвари мо чарида гарданд. Кишвари мо барои онҳо масҷид не, ки аз андоз озод бошанд. Албатта, феълан масҷидҳо ҳам андоз месупоранду лекин ин айби худи муллоҳо, ки масҷид андозсупор шуд. Агар қаблан дар ҳақи мансабдорони мо мисли имрӯза аз сидқи дил дуо мекарданд, феълан аз имтиҳону санҷиш намеафтиданд ва озодона фаъолият мекарданд. Мешудаст-ку, аз баҳри вазъи зиёд гузаштан ва дуои ҷони мансабдоронро кардан!?

Моро танқид мекунанд, ки корхонаҳоро ба оғилхона табдил додем ва аз саноат ба чорводорӣ баргаштем. Охир ин "простая арифметика", агар ба чорводорӣ машғул намешудем, имрӯз нархи гӯшт ба 35 сомонӣ мерасид? Ба саноат машғул мешудем, бозор пур аз фарши мурғиву говӣ мешуд ва нархи гӯшту дигар маҳсулот аз осмон ба замин мефаромад. Ин ба кӣ даркор? Ҳар вақте молу чиз пулакӣ шуд, баъд мардум ба қадраш мерасанд.
Асрори мо мисли муаммоест сарбаста, ки танҳо худамон ба он метавонем ҷавоб гӯем, дигар касе ба ҳалли он қодир нест. Масалан, кадом созмони байналмиллалӣ метавонад ба ин муаммо посух ёбад, ки дар мо шаш моҳ барқ ҳаст, шаш моҳ не, аммо 12 моҳ пули барқ медиҳем? Ина хизматрасонӣ мегӯянд. Ё кӣ метавонад гӯяд, ки чаро обрасонҳои мо аз соҳибхонаҳое, ки дар 12-ум ошёна мешинанду худашон бо насос об мекашанд, нархи хизматрасонии обро нисбат ба соҳибхонаҳои якуму дуюм ошёна қиматтар мегиранд? Ё дар куҷо чунин хизматрасонӣ ҳаст, ки масъулони ЖЭУ бидуни ягон навъи хизматрасонӣ аз одамон ҳаққи хизматрасонӣ гиранд? Фақат ЖЭУ-и мо метавонад бидуни хизматрасонӣ пул талаб кунад. Ана, яке аз сирри даромади бедардимиёни худамонро ба хориҷиҳо кушода додем. Аз мо омӯзед, ки хизматрасониву пулёбӣ чӣ тавр мешудааст.  

Кӣ монанди ронандаҳои мусофиркаши пойтахт метавонад ?арори шаҳрдориро дар бораи хизматрасонии 80 дирам то нимароҳ ва 1,60 дирам то охири хатсайр дар дохили нақлиёт, дар пеши чашми мусофирон насб кунаду боз аз мусофирон 2 сомонӣ талаб намояд? Ҳеч касе мисли мо наметавонад дар тобистон як соати дароз зери гармии офтоб "загар" карда, маршрутка интизор шавад ё дар чиллаи зимистон аз кор монда шуда барояд ва як соат дар "ҳавои тоза" нақлиётро мунтазир шавад. Кӣ мисли ширкатҳои ҳавопаймои мо метавонад барои як курсӣ ду билет фурӯшад? Ин сирро намекушоям, ҳар вақт корафтода шавед, худатон меёбед.

Ҷаҳониён аз ҳасудишон ҳар чӣ аз худашон бофта, дар ҳақи мо гуфтан мегиранд. Гапи онҳо муғризона аст. Чун медонанд, ки оянда аз они дипломатҳои донои мост, моро бо ҳар роҳ мехоҳанд пешпо зананд. Баъд созмонҳои байналмиллалиро мефиристанд, ки омада айби моро кофта ёбанду моро фасодзадаву авторитариву ғайридемократӣ номанд. Аммо ба ғайр аз гапи хушку холӣ онҳо дигар ҳеч чиз ёфта наметавонанд. Масалан, чӣ хел онҳо исбот мекунанд, ки милисаи мо шахси гумонбаршударо худаш ҳукм мекунаду аз тиреза мепартояд? Касе исбот карда наметавонад! Чунки шахси гумонбаршуда худаш дар коғаз эътирофнома навиштааст, ки худкушӣ кардааст, ба ӯ ҳеч як милиса дасти муборакаша нарасондааст. Кӣ мисли коррупсионерои мо метавонад ҳам пора гирад ва ҳам бо фасод мубориза барад? Чаро чашми намояндагони созмонҳои хориҷӣ инро намебинад ва моро муттаҳам ба фасодзадагӣ мекунанд? Дар ҷаҳон дигар гапи нав пайдо нашуд, ки бо фасод рейтинги моро маълум мекунанд? Охир ҳамин фасод набошад, мардуми мо чӣ кор мекунанд? Дигар коре нест, ки даст ба он зананд. Зеро имрӯз сохтмон дар дасти эрониҳо, бозору роҳу кишоварзӣ дар дасти чиниҳо, мактаб дар дасти туркҳо, арсаи сӯзишворӣ дар дасти русҳо, хизматрасониву меҳмонхона дар дасти ӯзбакҳо, ба ғайр аз фасод боз дигар чӣ кор мемонад? Ин ҳам ҳунари ҳар ки не, беҳуда намегӯянд, ки аз бекор Худо безор! Тонеду дарнамонед ва беҳуда имиҷи моро паст назанед.
Саломат бошед, лекин моро дасти кам нагиред, агар мо демократияи дунёро баҳо диҳем, шармандаи олам мешаванд. Аз Викиликс ҳам беобрӯтар мекунем.   

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)