Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:47

Боз як гумонбар дар қатли «Бобои барфӣ» дастгир карда шуд

16 июн 2012, 07:06

Зимни  гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Маяковский ҷинояткори дар кофтуков қарордошта Фирӯз Нарзуллоев аз сӯи кормандони ШКД-и Сино боздошт шуд.

Бояд гуфт, қазияи мазкур шаби 31-уми декабри соли 2011 ба вуқӯъ пайваст. Шахсони номаълум дар назди бинои истиқоматии 134, воқеъ дар хиёбони А.Сино ба воситаи корд Парвиз Давлатбековро, ки дар либоси Бобои барфӣ буд, якчанд маротиба ба қафаси сина ва рони пояш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Дар натиҷа, Парвиз Давлатбеков дар ҳолати вазнин ба беморхонаи Маркази Миллии Тиббӣ дастрас гардида, рӯзи 1-уми январи соли 2012 соати 19:40 дақиқа ба ҳалокат мерасад.
Зимни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби шаҳрвандон Шариф Давлатови 25 сола, Фарух Самиев 25 сола,  Беҳрӯз Шарифов 17 сола,  ва Ҳасан Абдурашидов 16 сола, сокинони кӯчаи А.Синои шаҳри Душанбе ва дигарон содир карда шудааст.
Дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд Фирӯз Нарзуллоев 18 сола, сокини шаҳри Душанбе аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи шаҳри Душанбе кофтуков эълон шуда буд. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи Фирӯз Нарзуллоев дастгир карда шуд.
Хоттиррасон менамоем, ки мувофиқи ҳукми Суди шаҳри Душанбе Беҳрӯз Шарифов ба мӯҳлати 10-сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, Шариф Давлатов ва Фарух Самиев ба мӯҳлати 4-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Нисбати Ҳасан Абдурашидов ҷарима татбиқ карда шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!