Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:54

Як халтаи пул ба яғмо рафт

6 июн 2011, 11:37

Дар Душанбе як саррофро ғорат кардаанд.

Тибқи иттилои ВКД, масъули нуқтаи мубодилаи асъорро, ки дар бозори «Ганҷина» ба ин амал машғул буд, бо корд захмӣ  карда, як халтаи селофаниро, ки дар дохилаш маблағи зиёд дошт, рабудаанд.  Ин ҳодиса шаби гузашта, тахминан соати 21.30 ба вуқӯъ пайвастааст. Зимнан, ҷабрдида  Иброҳим Сафаров  33 сола, дар маркази миллии табобати ҷумҳурӣ   бо захми халида ва буридаи қафаси сина ва шикам аз тарафи чап, дасти рост аз оринҷ боло бистарӣ гардид. Дар вақти  гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шахсони номаълум дар даромадгоҳи манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи  Н.Ганҷавӣ, хонаи  464/2,  ҳуҷраи 16  бо корд ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаанд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!