Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

«Калӯши нуқрагин» ба овозхони тоҷик

19 июн 2012, 09:21

Толибҷон Курбонхонов, овозхони тоҷики муҳоҷири Русия - муаллифи суруди “ВВП” бо ҷойизаи рамзии “Калуши нуқрагин”,  дар номинатсияи “ Нафаси чуқур” барои “кушиши  охирин барои дарёфти қайди зист дар Маскав” мукофотонида шудааст.

Ниҳоят радиостансияи "Серебряний дожд" ҷоийзадорони “Калуши нуқрагин”-ро эълон кард. Ёдовар мешавем, ки ин ҷойиза  рамзӣ буда, “барои дастовардҳои шубҳаовар”  сарфароз карда мешавад.  Ҷойиза аз сӯи радиостансияи “Серебрянная дожд” таъсис шудааст.
Тавре расонаҳо менависанд, масъулин бо ин ҷойиза Владимир Гунаев (Патриархи Москва)-ро дар номинатсияи “Дастон зери бағал интизори мӯъҷиза”  барои “рабуда шудани ҳангомавии соаташ” лоиқ донистаанд.
Ба Владимир Жириновскийи миллатгаро дар номинатсияи “Савораи хар ва ё сояи таблиғот” барои “муносиботи дурушт бо интихобкунандагон” низ “калӯши нуқрагин” додаанд.
Аллакай дар соли равон  ҷойизаи "Калӯши нуқрагин” маротибаи 16-ум аст, ки тақдим мешавад. Маросими ҷойизасупорӣ аз сӯи YouTube мустақиман намойиш дода шуд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!