Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:08

Ибрози тамоюли Путин ва Обама барои ҳамкории созанда бо Эрон

19 июн 2012, 09:47

Президентҳои Русия ва ИМА пас аз поёни рӯзи аввали нишасти Маскав миёни Эрон ва 5+1, бо судури баёнияи муштараке дар нишасти "гурӯҳи 20"-и Мексика, барои ҳамкории созанда бо Эрон аз тариқи фароянди 5+1, ибрози тамоюл карданд.

Тибқи иттилои Форс, ба нақл аз хабаргузории Фаронса, пас аз гузашти чанд соат аз музокироти Маскав миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Амрико, Англия, Фаронса, Русия, Чин  ба иловаи Олмон) Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баёнияи муштараке пас аз нишасти «гурӯҳи 20» дар Мексика, дар бораи Эрон содир карданд.
Раисони ҷумҳури Амрико ва Русия бо ишора ба нишасти Эрон дар Маскав таъкид карданд, ки муштоқона мунтазири ҳамкории созанда бо Эрон аз тариқи фароянди гурӯҳи 5+1 ҳастанд.
Обама ҳушдор дода буд, ки гузинаи низомӣ алайҳи Эронро канор намегузорад ва таъкид кард, ки ҳануз замон ва фазо барои корсоз будани дипломотия вуҷуд дорад.
Дар ин баёнияи муштарак омада аст: «Мо тавофуқ дорем, ки Эрон  бояд талошҳои ҷиддӣ дар ҷиҳати эҳёи эътимоди байналмилалӣ ба барномаи мунҳасиран сулҳомези худ, сурат диҳад. Теҳрон барои ичрои чунин ҳадафе мебояст ба таври комил ба ӯҳдадориҳои худ пойбанд бошад ва барои ҳаллу фасли зуди ҳама мавзуоти боқимонда, бо ожонси байналмилалии энергии атомӣ, ҳамкорӣ кунад».
Обама ва Путин дар баёнияи худ, ки дуруст соатҳое пас аз поёни аввалин нишасти Мексика миёни Эрон ва 5+1 мунташир шуд, хостори коҳиши истифодаи сулҳомез аз уран бо дарсади ғанои боло шуданд.
Рӯзи аввали музокироти Эрон ва 5+1, рӯзи гузашта дар Мексика, дар ҳоле ба поён расид, ки Алии Боқирӣ, муъовини сиёсати хориҷа ва амнияти байналмилали дабири шурои амнияти милли кишвари Эрон пас аз даври дуюми музокироти Мексика, дар ҷамъи хабарнигорон ҳозир шуд ва бо ҷиддӣ ва созанда эълом кардани ин музокирот, таъкид кард: Эштон аз Ҷалилӣ хост то фардо ба тарафи муқобил фурсат дода шавад, то дар бораи пешниҳодоти тарафи эронӣ ва ҳам баррасии пешниҳоди 5+1, тааммул кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!