Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:34

Сардори БДА-и Ваҳдат аз вазифа сабукдӯш шуд. Пас аз садама

19 июн 2012, 11:58

Ду рӯз қабл аз ин, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатиаш ЕВ 40-40 РТ 02 Сӯфиев Хокиро, сардори бахши БДА МВКД дар шаҳри Ваҳдат сабабгори сар задани садама ва марги як ронандаи дигар шуд.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, майори милиса аснои харакат бо сабукрави хориҷиаш дар кӯчаи Н. Қарабоеви Душанбе ба самти кӯчаи С. Шерозӣ бехатарии ҳаракати  роҳро таъмин накарда, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш АА 41-68 РТ 08,  таҳти идораи ронанда Солеҳов Сироҷиддини 48-сола бармехӯрад. Дар натиҷа, Солеҳов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ҳалок мегардад.
Манбаъ афзуд, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ майори милитсия Суфиев Хокиро аз мақомот озод карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода намешавад, ки дар қиболи корманди собиқи БДА парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ё хайр?


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!