Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:17

Аввалин ҳизби миллатгаро дар Русия сабти ном гардид

20 июн 2012, 11:22

Сарвари ин ҳизб бошад, Сергей Бабурин шинохта шудааст.

Дар ин бора сомонаи вазорати мазкур хабар медиҳад. Аз ин ба баъд Ҳизби Иттиҳоди умумихалқии рус ( "Российский  общенародний союз")  аввалин ҳизби миллатгарои расмӣ шинохта хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, дар майдони сиёсии Русия нерӯҳои миллатгаро метавонанд, озодона рақобат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Сергей Бабурин яке аз миллатгароҳои ашаддӣ буда, соли 2008 ҳизби миллатгароеро бо номи Иттиҳоди миллӣ таъсис дода буд, ки баъдтар он ба иттиҳодияи ҷамъиятии Иттиҳоди умумихалқии  рус табдил карда шуд.
То соли 2007 Иттиҳоди миллӣ Иродаи миллӣ ном дошта, дар интихоботи соли 2003 дар ҳайати ҳизби Ватан (Родина) ба Думаи давлатӣ ворид шуда, ҳатто Бабурин муовини раиси порлумони Русия интихоб шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!