Сарраёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон тасмим гирифтааст, фурудгоҳҳои маҳаллиро, ки солҳои пеш фаъол буданду як давра аз фаъолият бозмондаанд, аз назар гузаронад ва бо пайдо шудани имконот онҳоро фаъол намояд.
Тавре ба Озодагон аз ФБД иттило доданд, ин тасмим дар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронидани фурудгоҳҳои хатҳои ҳавоии маҳаллӣ» гирифта шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, намояндаи масъули Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муҳандиси пешбари Хадамоти аэродром Абдухолиқ Абдухолиқов дар якҷоягӣ бо сардори шўъбаи фурудгоҳҳои Сарраёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт Анвар Нуров тайи 3 рӯз фурудгоҳҳои навоҳии минтақаи Раштро аз назар гузарониданд.
Ба гуфти мутахассисон дар ҳамаи навоҳӣ имкони барқарор намудани фурудгоҳҳои маҳаллӣ пайдост. Дар сурати зарурат ва имконпазир будани барқарорсозӣ, ки бо маблағгузорӣ вобаста аст, ҳамаи фурудгоҳҳои кишвар фаъол мешаванд. Авиатсия, ки пайвандгари минтақаҳост метавонад дар тамоми фасли сол ба навоҳӣ парвоз намуда мусофирон ва бору бағоҷи онҳоро саривақт дастрас намояд.
-Қисме аз фурудгоҳҳо ба монанди ноҳияи Рашт, Ҷиргатол дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд, аммо қисми зиёди фурудгоҳҳоро таъмири асосӣ намуда бо воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз ва бинҳои коршоями фаъол таъмин кардан мебояд,- гуфт Абдухолиқ Абдухолиқов.
Дар оянда муоинаи фурудгоҳҳои маҳаллии кишвар дар ВМКБ идома хоҳад кард.
Мӯҳр