Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:56

Зуҳуров сатҳи муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистону Украинаро нокофӣ хонд

22 июн 2012, 09:35

Дар Душанбе аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии  Радаи Олии Украина таҳти роҳбарии Павел Унгурян бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мулоқот кард.

Тавре ба Озодагон аз палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон иттилоъ доданд, тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар аз мавзӯи меҳварии ин дидор будааст.                                               Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН МО бо ишора ба равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Украина таъкид кард, ки миёни Радаи Олии Украина ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият дорад ва амал намудани чунин гурӯҳҳо барои ривоҷу равнақи ҳамкориҳо шароити мусоидро фароҳам меорад.                                                                                                                             Зимнан, номбурда сатҳи муносиботи байнипарлумонии ду кишварро нокофӣ хонда, ҳамзамон изҳор дошт, ки ҳарду ҷониб бояд аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда ҷиҳати таҳкими ин муносибот самаранок истифода намоянд. «Ҳамкориҳои байнипарлумонии мо танҳо дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва дигар сохторҳои байналмилалии байнипарлумонӣ маҳдуд шудааст»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров.  
Павел Унгурян, роҳбари ҳайати парлумонии Радаи Олии Украина ҳам дар навбати худ изҳор дошт, ки парлумони кишвараш омода аст, ҳамкориҳои худро бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон густариш диҳад. Мавсуф таъкид кард, ки таҳкими муносиботи байнипарлумонии Украина ва Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ заминаи боэътимод эҷод мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!