Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

Бузургмеҳр Равшан: Қазияи писари Кабирӣ ранги сиёсӣ гирифтааст

22 июн 2012, 10:01

Қарор буд, имрӯз дар дар суди шаҳри Ваҳдат мурофиаи додгоҳии Муҳаммад Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор мегардид, аммо бо иллати ҳузур надоштани айбдоркунандаи давлатӣ он ба рӯзи дигар гузошта шуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ даъво кардааст, ки тибқи қонун бояд ӯро 5 рӯз қабл аз мурофиаи судӣ огоҳ мекарданд, вале ҳамагӣ ду рӯз пеш хабардораш намудаанд.  
Зимнан, мурофиаи додгоҳӣ ба соати 9:30-и 25-уми июн ба тавқиф гузошта шуд.
Бузургмеҳр Равшан, вакили мудофеи Муҳаммад Тиллозода ба Озодагон гуфт, ки «қазия ранги сиёсӣ гирифтааст». Ба қавли номбурда танҳо дар сурати анҷом ёфтани қазия маълум мешавад, ки адолати судӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ё на.
«Вобаста ба ин қазия мо адолати судиро дар Тоҷикистон метавонем баҳо диҳем. Вақте ин ҳодиса рух дод, кормандони ҳифзи ҳуқуқ мардумро нагузоштанд, ки акс ё навор бигиранд. Мо аз онҳо пурсидем, ки барои чӣ аз доираи қонун берун мебароед, охир шумо бояд пуштибони ҳалқ бошед. Қонун гирифтани расм ва видеоро дар ин гуна қазияҳо манъ накардааст».   
Ёдовар мешавем, Муҳаммад Тиллозода 21 сол дошта, 3-юми майи соли равон аснои ҳаракат дар роҳи ноҳияи Ваҳдат Муҳсиддин Ортиқови 12 соларо пахш кард. Дар натиҷа Ортиқов дар беморхона ба ҳалокат расид. Баъди як рӯзи ин ҳодиса Тиллозода дастгир шуд, вале баъдан раҳояш карданд. Аммо 11-уми май бо дархости Прокуратураи шаҳри Ваҳдат дигарбора боздошт гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!