Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:51

Русия бензинашро барои Тоҷикистон моҳи оянда арзонтар мекунад

22 июн 2012, 10:54

Русия шурӯъ аз якуми июл як тонна бензинро ба Тоҷикистон назар ба нархҳои моҳи ҷорӣ наздики 50 доллар арзонтар хоҳад фурӯхт.

Моҳи ҷорӣ интиқолдиҳандагони бензин ба Тоҷикистон зимни содироти он аз Русия  377,8 доллар боҷи содиротӣ месупоранд. Аз якуми июл ин нишондод 45,5 доллар камтар шуда, барои як тонна 332,4 долларро ташкил хоҳад дод.
Барои як тонна сӯзишвории дизелӣ ва маҳсулоти рушани нафтии дигар, Русия боҷи содиротиро аз моҳи оянда 243,7 доллар ба нақша гирифтаст, ки нисбати моҳи ҷорӣ 37 доллар арзонтар аст.
Александр Сакович, масъули Вазорати молияи Русия далели поёнравии боҷро аз моҳи оянда ба арзоншавии нархи нафт дар ҷаҳон рабт дод. Тибқи мониторинги Вазорати молияи Русия нархи миёнаи як бушка нафт аз 15-уми май то 15-уми июн ба ҳисоби миёна 102 доллари амрикоиро ташкил додааст. Аз 15-уми апрел то 15-уми май ин нишондод ба 115 доллар баробар буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!