Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Масрафи маблағҳои Буҷаро дар 5 моҳи соли 2012 баррасӣ карданд

22 июн 2012, 12:26

Имрӯз, 22-юми июн таҳти раёсати Амиршо Миралиев, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ сурат пазируфт.

Ба рӯзномаи ҷаласа танҳо як масъала - «Оид ба иҷрои қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012» дар 5 моҳи соли 2012 ворид гардид. Амиршо Миралиев гуфт, буҷаи давлатӣ воситаи муҳими таъсиррасонӣ ба рушди иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, бо ёрии он давлат тавассути азнавтақсимкунии даромади миллӣ сохтори истеҳсолоти ҷамъиятиро дигаргун сохта, ба натиҷаҳои хоҷагидорӣ таъсир мерасонад ва ислоҳоти куллии иҷтимоиро амалӣ менамояд.
«Дар шароити имрӯза манбаи асосие, ки метавонад ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоии кишварро таъмин намояд, буҷети давлатӣ мебошад ва дар ин замина вазифаи тамоми мақомоти аз буҷа маблағгузоришаванда аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд»,-афзуд муовини аввали раиси МН МО.
Мавсуф мақсад аз баргузории ҷаласаи имрӯзаро дар баробари муайян кардани дастовардҳои мақомоти масъули соҳа, ҳамчунин ошкор кардани камбудию норасоӣ ва омилҳои манфие, ки садди роҳи иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ гардидаанд ва дарёфти роҳҳои бартараф кардани онҳо арзёбӣ намуд.  
Сипас, Сафаралӣ Раҷабов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия иброз дошт, ки дар асоси барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо мақсади амалӣ шудани стратегияи рушди миллӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ нигаронида шудаанд, то имрӯз корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.
Сафаралӣ Раҷабов ба натиҷаҳои бадастомада дар 5 моҳи соли ҷорӣ ишора намуда, изҳор дошт, ки натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нишон медиҳанд, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ – 10 миллиарду 97,7 миллион сомониро ташкил дода, афзоиши реалии он ба 7,3 фоиз баробар гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 938,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши моли чакана ва хизматрасониҳои пулакӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 афзоиш ёфтаанд.
Раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон дар бораи камбудӣ ва баъзе аз ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби бархе роҳбарони корхонаву ташкилот ва шаҳру ноҳияҳо сӯҳбат карда, ҳамзамон аз роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти марбута ва шахсони масъул тақозо кард, ки баҳри аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд, то барои таъмини иҷрои пурраи Буҷети давлатии соли равон заминаи боэътимод муҳайё гардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!