Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 25 феврал 2017, 14:07

42.000 сомонии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба яғмо рафт

26 июн 2012, 12:15

43 рахти хоби вагонҳои мусофирбарии КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон»-ро дуздиданд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, дар робита ба ин қазия аз ҷониби кормандони милиса Султон Маҳмадқулови 28- сола, сокини шаҳи Душанбе, кӯчаи Назаршоев ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир  гардидааст.
Тибқи хабари манбаъ, номбурда рӯзи 21-уми июни соли равон  бо роҳи пинҳонӣ аз хати роҳи оҳани 16-17 километри ҳудуди пойгоҳи вагонҳои мусофирбарии КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» 43 адад рахти хобро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст. Гуфта мешавад, арзиши ҷиҳози рабудашуда беш аз 40.000 сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!