Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Иддаои ҷолиби вазири хориҷаи Исроил дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ва Венесуэла

28 июн 2012, 07:33

Авигдор Либерман, вазири корҳои хориҷаи режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе дар ҷарёни дидор бо Алфив Пиво Мусен,  муъовини раиси ҷумҳури  кишвари Косторико дар Амрикои ҷанубӣ, мудаъӣ шуд, ки Венесуэла дар ҳоли кӯмак ба таъмини буҷаи барномаи ҳастаии Эрон ба ивази амалӣ шудани ваъдаи Эрон дар заминаи ба иштирок гузории пешрафтҳои низомии оянда миёни ду кишвар аст.

Дар ин бора хабаргузории Форс ба нақл аз манобеъи амрикоӣ иттилоъ пахш кардааст. Зимнан, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ эълом накард, ки бар асоси чӣ итилоъоте чунин арзёбӣ ва идаъое карда аст.
Дар идомаи ин хабар омада аст, ки  Ҳуго Човез  раиси ҷумҳури Венесуэла аз ҳомиёни сарсахти Эрон  ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон маҳсуб мешавад.Президентҳои Эрон ва Венесуэла ҳафтаи гузашта дар Каракас, пойтахти Венесуэла дар Амрикои ҷанубӣ , бо якдигар дидор карданд ва ӯҳдадор шуданд, то аз тариқи ҳамкорӣ бо якдигар, бо империализм бипардозад.
Ба навиштаи як сайти исроилӣ раиси ҷумҳури Эрон аввалҳои соли равон дар сафари расмӣ озими Амрикои лотин шуд, то ҳузури Эрон дар он минтақаро пурранг кунад ва ба имзои қарордодҳои тиҷории ҷадид бипардозад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!