Дар ин бора ба Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Зимнан, аснои баргузории амалиёти “Кӯкнор-2012” дар шаҳру навоҳии вилоят ин миқдор маводи нашъадор аз ҷониби кормандони милиса дарёфт шуда, майдони кишти ниҳоли бангдона дар қаламрави бригадаи № 6-и хоҷагии деҳқонии ба номи «А.Ҷумъаев»-и ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст. Дар ин ҷо, 20 ҳазору 246 адад ниҳоли бангдона решакан гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз беш аз 6 ҳазор ва дар заминҳои бекорхобидаи деҳоти ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом зиёда аз 8 ҳазор адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд. Дар деҳаи Табуши ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ кормандони мақомот беш аз 13 ҳазор ниҳоли бангдонаро дарёфт ва решакан карданд.
Мӯҳр