Дар ҳайати мақомоти роҳбарии суди шимоли кишвар тағйирот ба амал омад.
Тибқи иттилои додгоҳи ин минтақа, Анвар Юсуфов раиси суди вилояти Суғд таъин гардидааст.
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз суди вилоят иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, Анвар Юсуфов қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси Суди олии Тоҷикистон иҷрои вазифа мекард.
Собиқ раиси суди вилояти Суғд Наим Мансуров бошад, ба вазифаи раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон таъин гардид.
Мӯҳр