Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:44

Каратечиён дар шимол, шоҳмотбозон дар ҷануб рақобат мекунанд

7 июн 2011, 07:31

Толори «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҳалли баргузории сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба картеи анъанавӣ мешавад.

Ба иттилои кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мусобиқоти мазкур 25 ва 26-уми июн дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мепазиранд.

Дар сабқати мазкур ба ҷуз аз дастаҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ҳамчунин ширкати варзишгарони Қирғизистон ва Ӯзбакистон низ дар назар аст.

Ҳамчунин, дар доираи ин чорабиниҳо аз 21 то 29- уми июн дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмоти классикӣ, блитс ва тезбозикунанда баргузор мешавад. Дар қувваозмоӣ варзишгарони синни 8, 10, 12, 14, 16 ва 18- сола аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!