Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Мутахассисони ҷавон ба КВД «Роҳи оҳан» заруранд. Бо маоши 1500 сомонӣ

30 июн 2012, 06:05

Амонуллои Ҳукуматулло, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни як нишаст, ки дар Душанбе баргузор гардид, ба масъулини соҳа супориш дод, ки донишҷӯёне, ки аз ҳисоби ин корхона мактабҳои олии шаҳрҳои Москва ва Харковро хатм намудаанд, бо ҷои кор таъмин гардида, маошашон на камтар аз 1500 сомонӣ бошад.

Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, номбурда зимни баромадаш иброз намудааст, ки дар ин самт комиссияи махсус таъсис дода, масъалаи захираи кадрҳоро дида бароянд: «Ба тарбияи мутахассисони ҷавон аҳамияти ҷиддӣ дода, онҳо бо ҷои хоб ва дигар шароитҳои хуби корӣ таъмин карда шаванд. Пешравии кор дар корхона аз дониши мутахассис вобаста аст, аз ин ҷост, ки ба кор фақат мутахассисони болаёқатро  ҷалб бояд кард».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!