Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 июл 2017, 05:41

U-22: Тоҷикистон ба даври баъдӣ набаромад

2 июл 2012, 06:47

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё (U-22) боз як бозияшро бохт.

Ин навбат футболбозони ҷавони тоҷик аз тими Эрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд. Ин сабқати даври чоруми гурӯҳи «С» буда,  дирӯз, 1- уми июл дар варзишгоҳ «Ханг Ҷебат»-и шаҳри Малакаи Малайзия доир шуд.
Ёдрас менамоем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозӣ аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардида, дар дидори дуюм мунтахаби Малдивро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар бозии даври сеюм бошад, аз тими Қувайт бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 3-юми июл, дар бозии даври панҷум бо тими Қатар вориди рақобат мешавад. Аммо натиҷаи ин бозӣ барои ба даври дигар рафтани онҳо нақше намебозад.
Эрон, ки 12 имтиёз дорад, новобаста аз натиҷаи бозии охир ба даври баъдӣ роҳхат мегирад.  Дастаҳои Кувайт, Қатар ва Баҳрайн барои роҳхати дуюм талош меварзанд.

Мавқеи дастаҳои гурӯҳи «С» дар ҷадвали мусобиқоти U-22:

р/т

Тим

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

4

4

0

0

12-1

12

2

Кувайт

4

3

0

1

4-1

9

3

Қатар

4

2

0

2

4-4

6

4

Баҳрайн

4

2

0

2

4-4

6

5

Тоҷикистон

4

1

0

3

3-5

3

6

Молдив

4

0

0

4

2-13

0









Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!