Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:15

Омодагӣ ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Деҳлӣ

3 июл 2012, 04:41

Сафари қарибулвуқӯъи президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон дар муносиботи байни ин ду кишвар такони бузурге хоҳад бахшид.

Дар ин бора Соманаҳолӣ Кришна, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон зимни мулоқоташ бо Ҳамрохон Зарифӣ дар Душанбе иброз дошт.
-Ҳиндустон бо Тоҷикистон ҳамкориҳои хуб ҳам дорад ва имсол  20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегирем,-афзуд вазири ҳинд. Ӯ гуфт: « Мо бо Тоҷикистон ҳамкории самимӣ дорем. Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки ман имрӯз дар Тоҷикистон, дар як кишвари зебо қарор дорам».
Вазири корҳои хориҷаи Ҳиндустон аз Ҳамрохон Зарифӣ низ даъват кард, ки ба Ҳиндустон сафар намояд. Ҳамзамон, Зарифӣ аснои баромад дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳи баланд ҷараён доранд ва ҷонибҳо дар соҳаи иқтисод, савдо ва дигар соҳаҳаҳо бисёр ҳам равобити хуб доранд: «Фикр мекунам, сафари имрӯзаи вазири корҳои хориҷаи Ҳиндустон қадами наве дар роҳи мустаҳкам кардани муносибатҳои дуҷониба хоҳад буд».  
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон иброз дошт, ки дар мулоқоти онҳо масоили марбут ба иқтисоду савдо, боло бурдани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва дигар бахшҳои иқтисодие, ки барои ҳар ҳарду ҷониб муфид аст, баррасӣ хоҳад шуд. Соманаҳолӣ Кришна  илова намуд, дар доираи ин сафараш ба Тоҷикистон масоили рушди минтақавиро низ матраҳ менамояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!