Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 13:04

Сардорони ШКД-и Панҷу Истиқлол аз вазифа сабукдӯш гардиданд

4 июл 2012, 10:25

Бо фармони Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон чанд сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳру навоҳии кишвар иваз шуданд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, аз ҷумла кормандони зерин: Нуралӣ Рашидов, полковники милитсия ба вазифаи сардори ШКД-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон,  Додобек Назирбеков  ба вазифаи сардори ШКД-и шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъйин шуданд.
Инчунин мутобиқи амри вазир Бомурод Раҳмонов қумандони полки моторикунонидашудаи милитсияи қӯшунҳои дохилии ВКД, Самад Сайфов сардори шӯъбаи корҳои дохилии  дар нақлиётбудаи вилояти Суғд таъин гардиданд. Муҳаббат Абдуллоев бошад, аз ин ба баъд ба ҳайси сардори ШКД-и ноҳияи Нуробод фаъолият хоҳад кард.
Бино ба иттилои манбаъ, полковники милитсия Шодмон Аҷиков аз вазифаи сардори ШКД-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Абдураҳмон Қурбонов аз мансаби сардори ШКД-и шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод карда шуданд.    


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!