Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

БОР ба бахши энергетика ва саноату кишоварзии ҶТ таваҷҷӯҳ дорад

5 июл 2012, 04:49

Бонки Осиёии Рушд дар якҷоягӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи 12 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба маблағи умумии 510,8 миллион доллари ИМА сачҳм гузошт.

Ин нукта  зимни мулоқоти Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо хонум Асел Чингишева, намояндаи БОР дар  Тоҷикистон иброз гардид.   
Зимни ин ҳамоиш масъалаи маблағгузории бонки мазкур дар рушди иқтисодиёти кишвар, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дурнамои ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо  баррасӣ гардид. Гуфта мешавад ҳиссаи бештари маблағгузории Бонки Осиёии Рушд ба бахшҳои афзалиятноки энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, обёрӣ ва ғайра рост меояд: «Аз оғози татбиқи лоиҳаҳо то моҳи апрели соли ҷорӣ дар доираи барномаҳои ҳамкорӣ 207,5 милион доллари ИМА азхуд карда шудааст».
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд барои солҳои 2012-2014 ибрози назар намуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!