Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 апрел 2017, 10:12

Қурултойи мухолифини Ислом Каримов роҳбарашро иваз накард

5 июл 2012, 12:40

Аввали моҳи равон дар шаҳри Прагаи ҷумҳурии Чех Анҷуман (Қурултой)-и мухолифини ҳукумати Ӯзбакистон сурат пазируфт.

Тайи ду рӯз, 1 ва 2-юми июл оппозитсиюни ӯзбак роҳҳои ҳалли сиёсӣ ва барканории президенти феълӣ- Ислом Каримовро, ки беш аз 20 сол дар садри кишвар аст, баррасӣ карданд.    
Тибқи иттилои дастгоҳи марказии иттиҳоди неруҳои мухолифи Ӯзбакистон, ба ҷуз ин мавзӯъ, масъалаи ташкилӣ ва интихоби пешвои ҳаракати мардумии он кишварро низ баррасӣ кардааст.
Муҳаммад Солиҳ яке аз раҳбарони мухолифони ӯзбак, ки дар ин мулоқот ширкат дошт, барои дуввум бор раҳбари Конгресси ҲМӮ интихоб шуд. Маврид ба тазаккур аст, ки Солиҳ аз соли 1993 дар муҳоҷират ба сар мебарад ва соли 2001 дар Прага боздошт шуда буд. Бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ ҳукумати Чех ӯро аз ҳабс озод кард. вале баъдтар вақте, ки мақомоти ҷумҳурии Чех иттиҳомоти зидди вайро бепоя хонданд, вай аз боздошт раҳо шуд.
Гуфта мешавад, дар ҳамойиши мазкур, ки  дар меҳмонхонаи панҷситораи «CORINTHIA»-и Прага баргузор шуд, Оиннома ва Барномаи фаъолияти Ҳаракат қабул шуд. Дар кори анҷуман бошад, намояндагони 53 минтақаи Ӯзбакистон бо шумули меҳмонони зиёд ширкат доштанд.  





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!