Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:18

Гармии Саудӣ ба Тоҷикистон меояд. Ҳаво то 45 дараҷа гарм мешавад

5 июл 2012, 13:01

Ҳаракати ҳавои гарми биёбонӣ аз сӯи нимҷазираи Арабистони Саудӣ ба ҷониби  кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон пешгўӣ мешавад.

Парвина Сайидҷамолова, мудири шўъбаи пешгўии обу ҳавои Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, бо ҳаракати ҳавои гарми Саудӣ ба Тоҷикистон, ки он рўзҳои 9, 10 ва 11 июл дар назар дошта шудааст, ҳарорати ҳаво нисбат ба рўзҳои феълӣ то се чор дараҷа боло рафта, дар пойтахт рўзона ҳарорат аз 40 дараҷа боло меравад, дар қисмати ҷанубии кишвар бошад, гармии ҳаво ба 45 дараҷа хоҳад расид.     Манбаъ мегӯяд, дар ин давра ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона 19-24 рўзона 39-44, дар вилояти Хатлон шабона 21-26, рўзона 40-45 дараҷа гарм, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон /ВМКБ/ шабона 17-22, рўзона 33-36 дарҷа гарм.
Ҳамзамон, дар ғарби Бадахшон ҳаво то 40 дараҷа гарм шуда, дар шарқӣ он шабона 4-9, рӯзона то 25дарҷа гарм мешавад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!