Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:19

1,5 миллион $-и Британияи Кабир барои занони Тоҷикистон

10 июл 2012, 03:17

Ҳукумати Британияи Кабир барои дастгирии занони 10 ноҳияи вилояти Хатлон ва се ноҳияи тобеи марказ 1,5 миллион доллари амрикоиро ба сифати кӯмак равона мекунад.

Бо сарфи ин маблағ созмони «Наҷоти кӯдакон» -и  ин кишвар дар ноҳияҳои Тоҷикистон  барномаи «Тавоноӣ ва дороии зан» - ро амалӣ карда истодааст.
Масъулини «Наҷоти кӯдакон» мегӯянд, дар доираи лоиҳа занон як гурӯҳро ташкил намуда, ҳар моҳе як миқдори маблағи ночизро дар он пасандоз мекунанд:
«Маблағҳои ночизи пасандозшударо занон барои густариши кори хоҷагиашон, ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоиашон равона мекунанд».
Барнома аз аввали соли ҷорӣ оғоз шуда, то моҳи марти соли 2015 идома хоҳад ёфт. То ҳол дар ноҳияҳо аллакай то 10 – 12 гуруҳҳои занон ташкил шудаанд.  Ҳаҷми хазинаашон то ба 3,5 ҳазор сомонӣ расида, дар назар аст, минбаъд афзоиш хоҳад ёфт. Гурӯҳи занони деҳаи Рӯзободи ноҳияи Вахш дар қатори дастовардҳои асосиашон то ҳол аз ҳисоби хазина харидани яхдон барои бунгоҳи тиббиашон, таъмири ҷӯйбор ва ғайраро ном бурданд. Қисме аз занон аз хазинаҳо пасандознамудаашон як миқдор қарз гирифта, тиҷоратро роҳандозӣ намудаанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!