Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:29

Боздошти 14 «барига» дар Кӯлоб. Аз ҷумла Сафар-чулоқ ҳам

12 июл 2012, 04:27

Ҳафтаи гузашта кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб Сафар Назаровро, ки бо тахаллуси «Сафар-чулоқ» маъруф аст, дасгир намуданд.

Номбурда бо ҷурми нигоҳ доштан ва фурӯши маводи мухаддир боздошт гардида, нисбати ӯ  бо моддаи 200, қисми 1 (фурӯши маводи нашъадор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Ҳамзамон, як шаҳрванди дигар бо исми Ёраҳмад, низ дар манзили Сафар-чулоқ, ҳангоми истеъмоли маводи нашъадор боздошт гарида, бо моддаи 201-и кодекси ҷиноятии ҶТ муттаҳам дониста мешавад
Ҷумахон Назаров, сардори тозатайини шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори маҳаллии Озодагон гуфт, аз аввали сол инҷониб кормандони  милиса 25 ҳолати фурӯши маводи мухаддир ва истеъмоли онро аз ҷониби сокинон ошкор намуда, дар ин маврид 13 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 26 нафар ба анҷом расонида, ба суд ирсол намуданд. Дар миёни боздоштшудагон бо ин ҷурм як бону низ ҳаст.
Назаров мегӯяд: «Баригаҳо хонаро ба иҷора гирифта, баъдан он ҷоро «притон» намуда, ҷавононро барои истеъмоли маводи мухаддир ҷалб мекарданд. Ҳанӯз моҳи ноябри соли 2011-ум, замони ба вазифаи сардори ШКД таъин гаштан,   корро аз тоза намудани шаҳр аз нашъамандон оғоз намудуем. Дар ин самт, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ, беш аз 10 «притон» ва беш аз 10 қочокчӣ (барига) дастгир шуд. Тайи ин муддат 13 килову 200 грамм маводи гуногуни нашъадор ёфт ва мусодира кардем»   
Дар ҳамин ҳол, шумораи нашъамандон ва маргу мири ин афрод дар шаҳри Кӯлоб дар қиёс ба як соли пеш коҳиш ёфтааст. Соли  2011-ум бар асари нашъамандӣ ва истифодаи зиёди ҳероин, ё ба истилоҳ «передозировка» 12 кас ба ҳалокат расида буд. Дар нимсолаи имсол бошад, ин рақам ба 3 нафар баробар аст..  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!