Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:21

«Барқи тоҷик»: Дар Тоҷикистон ягон хел «лимити тобистона» нест

14 июл 2012, 08:05

Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» изҳоротро дар мавриди мавҷуд будани «лимити тобистона» дар Тоҷикистон қатъиян инкор карда, сабаби баъзе қатъкуниҳои барқро корҳои профилактикӣ унвон карданд.

-Баръакс мо барқи зиёдатӣ дорем. Баъзан қатъкуниҳое, ки мешаванд, аз сабаби корҳои профилактикӣ аст,-иттилоъ медиҳанд дар ин ширкат.
Масъулини Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон бо такя ба маълумоти шабакаи милии barknest.tj, ки вазъи таъминот бо барқро дар 25 ноҳияи нисбатан сераҳолии кишвар инъикос мекунад,  изҳор медоранд, ки  хомӯшкунии барқ тақрибан дар ҳамаи ноҳияҳои сурат мегирад.
Манбаъ аз Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мӯҳлати қатъи барқро дар ноҳияҳо аз 1 соат то 6-7 соат номид:
«Моҳи гузашта вазъи нисбатан вазнин дар ноҳияҳои Турсунзода ва Нуробод буд, ки баъзан мардум дар як шабонарӯз ҳамагӣ 15-16 соат барқ мегирифтанд. Дар маҷмӯъ, хомӯшкунии барқ тақрибан дар ҳамаи ноҳияҳои тобеи марказу вилоятҳо ҷой дорад».
Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон дар 25 ноҳияи Тоҷикистон намояндагони худро дорад, ки бевосита бо мардум кор карда, ҳамарӯза маълумотро оиди таъминоти барқ пешниҳод мекунанд ва ахбор то соати 11-и рӯз коркард шуда, дар сомонаи barknest.tj ҷойгир мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!