Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

Тоҷикистон аз офтоб баробари 5 млрд тонна ангишт нерӯ мегирад

16 июл 2012, 05:29

Масъулини Маркази омӯзиш ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи АИ ҶТ мегӯянд, аслан захираи энергияи офтоб дар Тоҷикистон аз захираҳои гидроэнергетика даҳҳо маротиба зиёд аст.

Ба иттилои манбаъ, дар тамоми ҷаҳон ҳамаи намуди энергияро аз рӯи баробаркунӣ ба як тонна ангиштсанги хушсифат, яъне бо тоннаи сӯзишвории шартӣ ҳисоб мекунанд.  Дар Тоҷикистон захираи гидроэнергетика 179,2  миллион ва захираи гидроэнергетикаи хурд 62,7 миллион тонна сӯзишвории шартӣ дар як сол аст. Захираи энергияи офтоб бошад, ба 4 миллиарду 790,6 миллион тонна сӯзишвории шартӣ (ТСШ) баробар аст. Яъне ҳамаи ҷумҳурӣ аз офтоб ҳамин қадар энергия мегирад. Дар баробари ин захираи энергияи бодӣ 163 миллион ТСШ ва  биомасса 4,25 миллион ТСШ аст.
Сарчашмаи хабар аснои сӯҳбат бо Озодагон таъкид кард, ки аз ҳаҷми умумии захираҳо, дар бахши гидроэнергетика имконияти истифодаи танҳо 107,4 миллион тонна сӯзишвории шартӣ, дар гидроэнергетикаи хурд 20,3 миллион ТСШ, энергетикаи бодӣ 10,12 миллион ТСШ, биомасса 4,25 миллион ва дар бахши энергетикаи офтобӣ истифодаи 4 миллион тонна сӯзишвории шартӣ имконпазир асту халос. Манбаъ мегӯяд айни ҳол дар Тоҷикистон асосан гидроэнергияро истифода мебаранд, ки он ҳам манбаи барқароршавандаи энергия аст: «Аммо дар баробари ин мо энергияи офтоб, энергияи бод, энергияи биомасса дорем, ки сарфи назар аз нархи аввалаи нисбатан қиматашон дар минтақаю маҳалҳои муайян истифодаи онҳо манфиатовартар аст. Масалан ҳастанд минтақаҳое, ки дарёча ҳам надоранд, лекин офтоб ҳаст».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!