Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон қудрати маошдиҳӣ ба намояндагонашро надорад

16 июл 2012, 06:08

Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон васеъ муаррифӣ нашудани Тоҷикистонро миёни сармоягузорони хориҷӣ на танҳо камбуди фаъолияти Палата медонад, балки зарур меҳисобад, ки ниҳодҳои дигари давлатӣ ҳам дар ин самт кўшиши бештар намоянд.

Карамалиев таъкид мекунад, ки ҳамасола Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон барои густариши ҳамкорӣ ба палатаҳои кишварҳои дигар муроҷиатнома ирсол менамояд:
«Ташрифи соҳибкрону сармоягузорони хориҷиро ба Тоҷикистон таъмин мекунем. Аксари соҳибкору сармоягузороне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, тавасути намояндаҳои мо дар хориҷа ҷалб гардидаанд».
Қаблан дар баробари  сафирони кишварҳои хориҷӣ, Мутталиб Суфӣ, масъули департаменти савдои наздисарҳадии Чин ҳам  зарурияти муаррифии бештари Тоҷикистонро таъкид кард:  «Дар Чин Тоҷикистонро асосан дар ноҳияи Шинҷон мешиносанд, ки он қадар имконияти сармоягузорӣ надорад. Дар қисмати ҷанубу шарқии Чин, ки асосан маблағҳои калон дар он ҷо мутамарказ шудаанд, Тоҷикистонро тақрибан касе намешиносад».
Карамалиев дар ин маврид афзуд, ки сабаби ин ҳолат падидаи ҷуғрофӣ аст: «Чун Шинҷон ба мо наздиктар аст, маъмулист, ки Тоҷикистонро бештар мешиносанд. Дар минтақаҳои дигари Чин, ки сармояи калон он ҷо мутамарказ шудаст, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон намояндаҳои худро дорад, ки кор карда истодаанд. Аммо як чизро бояд ба назар гирифт, ки намояндаҳои мо маош намегиранд. Палата ҳанўз қудрати пардохти маош ба онҳоро надорад. Бино ба ин зарур аст, ки дар баробари  Палатаи савдо ва саноат ниҳодҳои дигари давлатӣ ҳам ба муаррифии бештари  имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон пардозанд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!