Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 29 март 2017, 15:20

Кӯлоб: Беш аз 9 миллион сомонӣ иваз гардидааст

16 июл 2012, 06:10

Дар нимсолаи авали соли 2012-ум ба бонкҳои минтақаи Кӯлоб зиёда аз 37 миллион доллари амрикоӣ, 1 миллиарду 302млн.676 ҳазор рубли русӣ ва 26.415 евро ворид гаштааст.

Ба гуфтаи Сафар Саидов, раиси бахши  Бонки миллӣ дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, ҳамаи маблағҳои воридотӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд, ки усулан дар Федератсияи Русия кору фаъолият мекунанд.
Дар ҳамин муддат, бахши Бонки миллӣ беш аз 9 миллионну 500 ҳазор сомонӣ пулҳои фарсудаву даридаро аз ташкилоту корхона ва аҳолӣ ҷамъоварӣ намуда, иваз намудааст:«Дар мавриди асъори хориҷӣ, агарчӣ фарсудаву дарида ҳам бошад, бахши минтақавӣ ҳуқуқи иваз намуданро надорад. Зеро дар мо таҷҳизоти зарурӣ барои санҷиши ин асъор нест. Корафтодагон метавонанд, танҳо ба Бонки марказӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд»


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!