Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

Чипта ба фурӯш нарафт, консерти Фарзонаи Хуршед ва Ашкон баргузор нашуд

18 июл 2012, 11:28

Сабаби баргузор нашудани консерти Фарзонаи Хуршед ва овозхони эронӣ Ашкон Кошонӣ ба фурӯш нарафтани чиптаҳо арзёбӣ гашт.

Ташкилкунандагони ин консерт натавонистаанд микдори лозимаи чиптаро фурӯшанд. Бо вуҷуди ҳамаи шароит фароҳам будан барои баргузории консерт маблағи аз ҳисоби фурӯши чипта ба даст омада аз хароҷоти консерт ба маротиб камтар будааст. Ин нуктаро  Мирзошорух Асрорӣ, вазири фарҳанг дар нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ба гуфтаи вазир мувофиқи қонунгузории кишвар ташкилотҳое фаъолият доранд, ки барои васеъ гардонидани муҳити фарҳангӣ дар  тамоми ташкилоту муасисаҳое, ки тобеи Вазорати фарҳанг мебошад, консертҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд. Аз ҷумла баргузории консерти Фарзонаи Хуршед ва овозхони эронӣ Ашкон Кошонӣ аз ҷониби чунин ташкилот созмон дода шуд. Лекин  аз сабаби ба фурӯш нарафтани чиптаҳо консерт баргузор нагардидааст.  
Ёдовар мешавем, консерти муштараки сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед ва овозхони эронӣ Ашкон Кошонӣ бояд 7 -уми июли соли равон дар кохи Борбад баргузор мешуд. Дар тамоми кӯчаҳои шаҳри Душанбе тахтаҳои таблиғотии консерти Фарзонаву Ашкон овехта шуда буд. Ба гуфти баъзе нафарон маблағи чиптаҳои фурӯхташуда бозпас гардонда нашудааст. Нархи ҳадди ақали чипта ба консерти мазкур 200 сомонӣ ё ҳудуди 40 доллари амрикоиро ташкил медодааст. Ин барои мардуми тоҷик, ки аксарашон камбизоатанд пули андак нест.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!