Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:14

Кӯлоб: Дар шаш моҳ 31 кас аз бемории сил фавтид

19 июл 2012, 05:53

Рустам Бобоев, як сокини Кӯлоб баъди 5 рӯзи бистарӣ гаштан дар беморхонаи зидди касалиҳои сили шаҳр ба ҳалокат расид.

Бино ба гуфтаи наздикони ӯ, аввал беморро дар касалхонаи мазкур қабул накардаанд: «Танҳо баъди мудохила ва истодагарии журналистони маҳаллӣ кормандони беморхона мачбур шуданд, маризро бистарӣ намоянд. Аммо маълум шуд, ки аллакай дер шудааст ва касалӣ табобат намешавад.    
Тибқи иттилои расмӣ, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб 31 нафар аз гирифторони бемории сил ба ҳалокат расидаанд. Аз ҳамин шумора, 14 нафарашон дар беморхонаи вилоятии мубориза алайҳи сил дар минтақаи Кӯлоб фавтида будаанд. Дар ин бора дар нишасти матбуотии кормандони соҳаи тандурустии минтақа хабар доданд.
Фавтидагони сил асосан, сокинони навоҳии Кӯлобу Восеъ, Фархору Ҳамадонӣ ва Шӯроободу Данғара будаанд. Аммо, ба иттилои ғайрирасмӣ шумораи ҳалокшудагон аз сил дар минтақа нисбатан зиёд мебошанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир 105 нафар аз силзадагон дар беморхонаи мазкур ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Бино ба иттилои Мирзоалӣ Миралиев, сардори Раёсати тандурустӣ дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, маблағгузорӣ барои беморхонаҳои вилоятӣ нисбатан кам пардохт мешавад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар нимсолаи равон бо айби Раёсати молияи вилояти Хатлон барои беморхонаҳои вилоятии минтақаи Кӯлоб наздик ба 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағи пешбинишуда пардохт нагардидааст.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хами аз касалии сил фавтидани сокинони Кулоб аз хисоби оби ширин надоштани аскари нохияхо, яъне оби намаколуд доштан ва хавои намаколуда доштананшон аст, ки дар тули солхо шишхоро маъюб мекунад.
Кулоб ва мардуми шердилу ватандусти онро бояд хифз кард, ай рохбарони давлат!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!