Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 20:22

Муфтии Тотористон захм бардошт, ҷонишинаш кушта шуд

19 июл 2012, 10:34

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба ҷони муфтии Тотористон суиқасд сурат гирифт. Дар натиҷа муфтӣ Илдус Файзов ҷароҳати вазнин бардошт.

Афроди номаълум мошини муфтиро таркондаанд. Бино ба хабарҳои носанҷида муфтӣ дар шӯъбаи эҳёгарӣ фавтидааст. Мақомот гуфтаанд, инфиҷор тахминан соатҳои 11:00 ба вуқӯъ пайвастааст. Ришод Ҳамидулин, раҳбари дастгоҳи Раёсати дини Тотористон ин хабарро таъид карда ва аммо аз фавти муфтӣ чизе нагуфтааст. Ҷаноби Ҳамдулин таъкид кардааст, ки ҷинояткорон ба сӯи муфтӣ тир низ кушодаанд.
Инфиҷори таҳлукабор дар кӯчаи Мусини шаҳри Қазон сурат гирифтааст. Ронандаи нақлиёт имкон ёфтааст, худро ба берун ҳаво дода, наҷот ёбад. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, муовини муфтӣ бар асари як сӯиқасди дигар ба ҳалокат расидааст.  Субҳи ҳамин рӯз Валиуллоҳ Яъқубов, муовини муфтӣ дар даҳлези манзилаш бар асари чанд тир кушта шудааст. Куштори муовини муфтӣ, як соат қабл аз инфиҷори нақлиёти муфтӣ сурат гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!